Боздошт гардидани ғоратгарон
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 16-уми июли соли 2025, тахминан соати 04:30-дақиқа, дар назди кинотеатри “Зебунисо”, воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе шахсони номаълум бе ягон асос ӯро лату куб намуда, бо роҳи зуроварӣ ошкоро аз ҷайбаш, 40-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-50”, ки арзишаш 500-сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28 ва ҷавони 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















