Ба ҳалокат расидани пиёдагардон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ
15-уми июли соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Сатторов Зикрулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Панҷакент-Айни», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи восиати нақлиёт набаромада, пиёдагард, Раҳимов Равшан, соли таваллудаш 1934, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
16-уми июли соли 2025, тахминан соати 03:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шодиев Алимардон Аломуродович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи” поён, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Идиев Исмоил Советович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Левакантро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмони бардошта, ҳангоми бурдан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.














