Ошкор гардидани ҷинояти азонихудкунӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғаффуров, аз соли 2021 то соли 2024 дар ҶДММ «ФП Назар» дар вазифаи намояндаи савдо кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш маблағи аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ҷамъияти мазкурро аз мағозаҳо ҷамъовари карда, қисми маблағи ҷамъовардаашро ба хазинаи ҷамъият ворид намуда, боқимонда маблағи 370 ҳазору 787-сомониро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















