Боздошт гардидани зану шавҳар бо ҷурми дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28 сола ва ҳамсараш ҷавонзани 20-солаи сокинони ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи майи соли 2025, бо маслиҳати пешакӣ ба хонаи истиқоматии модари ҳамсараш зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки айни ҳол барои саёҳат ба давлати Аморати Муттаҳидаи Араб рафтааст даромада, аз онҷо 500 ҳазор рубли русӣ, 300-доллари амрикоӣ ва як чанд намуд ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 280 ҳазору 117-сомонӣ дуздидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















