Боздошт гардидани зан барои ташкили фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокни ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷалобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, бо марди 38-сола ва зани 29-солаи сокинони ноҳияҳои Хуросон ва А.Ҷомӣ барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда аз онҳо 500-сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















