Бо роҳи қаллоби ба даст овардани маблағи пуллӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе соли 2023, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки тиҷорат намуда барзиёд маблағи пулиро бар мегардонад.
Аммо аз маблағи гирифтааш 31-ҳазор доллари амрикоиро баргардонида то ҳол маблағи боқимонда 39 ҳазор доллари амрикоиро барнагардонида ба манфиати шахсииаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.














