Рабудани маблағ аз ҷониби ҷавонони 19-сола
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 47-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки аз санаи 9-уми июл то 13-уми июли соли 2025, дар чанд марҳила писараш ҷавони 19-солаи сокини ҳамонҷо аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамаслакаш ҷавони 19-солаи сокини пойтахт вориди манзили истиқоматиашон шуда, аз он ҷо бо роҳи пинҳонӣ ҷамъ маблағи 2 ҳазору 200-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















