Ҳалокати хурдсол дар ҳодисаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб
14-уми июли соли 2025, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷурахонов Фирӯзҷон Олимхонович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба самти маҳаллаи Гулбоғи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ ҳаракат карда ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Назаров Некрӯз Нураҳмадович, соли таваллудаш 1992, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандагон ва 3 мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштаанд, хурдсол Қаландарзода Муҳсин Олимҷон, соли таваллудаш 2021, сокини шаҳри мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














