Ронанда дар ҳолати мастӣ пиёдагардро пахш кард
11-уми июли соли 2025, тахминан соати 04:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседе-Бенс 200», Муминов Анвар Абдурасулович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Борбад аз самти хиёбони А.Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Бобоев Хайрулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Бобоев Х.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

















