Дастгир гардидани марди 32-сола бо ҷурми қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи майи соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Лексус-RX-350”-ро ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 3 шабонарӯз бармегардонад, аммо то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон паовандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















