Ошкор шудани ғоратгарии марди 52-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 5-уми июли соли 2025, тахминан соати 12:00, ҳангоми дар меҳмонхонаи «Садбарг»-и шаҳри Бӯстон қарор доштанаш, бо роҳи ошкоро зани 42-солаи сокини шаҳри Бӯстонро мавриди лату кӯб қарор дода, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ бо дастонаш аз гулӯяш дошта, ба сару рӯяш зарба зада, аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-А15», ки арзишаш 1 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад ва 951 сомонӣ маблағашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















