Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Рашт

10-уми июли соли 2025, тахминан соати 09:10-дақиқа,  ронандаи автомашинаи тамғаи “GAC AION YGAC AION Y”, Азимов Азимҷон Қодиралиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар 159-километри шоҳроҳи автомобилгарди “Лахш-Рашт-Ваҳдат”, воқеъ дар кӯчаи М.Шомаҳмади ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт ҳангоми ба сабқат баромадан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи Авазов Абдулвоҳид Ҳакимович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “GAC AION YGAC AION Y”, Давлатов Муродали Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Авазов А.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

11.07.2025 8:47
40