Дастгир гардидани марди 39-сола барои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ 8-уми июли соли 2025, тахминан соати 15:00, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада ва якдигар нофаҳмӣ бо писарони амакаш мардони 36 ва 34-солаи сокинони ноҳияи мазкур ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба бадани марди 36 ва 3 марортиба ба бадани марди 34-сола зарба задааст.
Дар натиҷа, ҳар ду онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















