Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 63-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 63-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони савдои одамон дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо маслиҳати пешакӣ бо “Сергей” ном шахс шаҳрванди Федератсияи Россия бо мақсади ба даст овардани даромади муфт моҳи августи соли 2022, марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо ваъдаи таъмин намудан бо ҷойи кор ба вилояти Варонежи Федератсияи Россия роҳбаладӣ намудааст.
Минбаъд гумонбаршавандагон ҷабрдидаро ба вилояти Варонежи Федератсияи Россия дастрас ва баъдан ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, таҳти истисмори меҳнатӣ қарор додаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 қисми 2 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















