Дар шаҳри Гулистон Озмуни байналмилалии Нозирони навраси ҳаракат баргузор мегардад
Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, омӯзиши ҳарчи бештари Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни ноболиғон Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро таҳти №31 аз 21 январи соли 2025 оид ба гузаронидани Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатхои аъзои ИДМ ба имзо расонида шуд.
Озмуни мазкур аз 15 то 20 июли соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, баргузор мегардад.
Дар озмун 7 дастаи Нозирони навраси ҳаракат аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Рӯзи 16-кми июли соли 2025 маросими кушодашавии Слёт дар толори «Кохи Рудакӣ»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ки дар он муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдураҳмонзода Миралӣ Сайраҳим, намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳо ва ВАО иштирок менамоянд.
Иштирокчиёни дастаҳо байни ҳам аз рӯи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони ҚҲР», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Дастаи ман», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» ва «Тарғибгари наврас» қувваозмоӣ менамоянд.















