Ҷаласаи навбатии мутахассисони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои узви ИДМ
10-уми июли соли 2025 дар Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии мутахассисони вазоратҳои корҳои дохилии узви ИДМ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа дар маҷмӯъ 12 масъала вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИДМ, ки моҳи август дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа мутахассисон аз 8 давлати ИДМ, дар умум 33 нафар иштирок доштанд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори ҷаласа ҷонишини директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ муаррифӣ намуд.
Гул Маҳбуба























