Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

9-уми июли соли 2025, тахминан соати 24:10-дақиқа, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Зарипов Қаноатшо Анварович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тут бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Тауров Мамадраҷаб Ғиёсиддинович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
9-уми июли соли 2025, тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи электронии тамғаи “BYD”, Алиев Сироҷиддин, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Саидов Умедҷон, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ш.Шоҳинро, ки дар канори роҳ ба таъмири чархи автомашинааш машғул будааст, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Саидов У.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

10.07.2025 8:33
41