Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фиреби шаҳрвандон бо сӯистифода аз боварӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз 27-уми апрели соли 2022 то 24-уми ноябри соли 2022, давра ба давра  бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрвандаи Ҷумҳурии Туркия марди 38-сола  даромада, аз ӯ  ба маблағи 264 ҳазор сомонӣ, 8 ҳазору 18 доллари амрикоӣ ва либосҳои кӯдакона гирифта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Инчунин дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир кардани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 10-уми ноябри соли 2021, ҳангоми дар кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Сино қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини ноҳияи Рушон даромада, хонаи истиқоматиаш иншооти сохтмонаш навсозро ба маблағи 22 ҳазор доллари амрикоӣ ба дигар нафар фурӯхта, ваъда медиҳад, ки аз дигар ҷо ба ӯ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда то ҳол ягон амалро иҷро накардааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ба маблағи 246 ҳазору 400 сомонӣ зарари махсусан калони молу мулкӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи сентябри соли 2023 то моҳи феврали соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, барои ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 5 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи «Нигора»-и ноҳияи Ҷ.Расулов аз ӯ 190 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

10.07.2025 8:29
28