Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарозер шудани автомашина ба дарё дар ноҳияи Роштқалъа

8-уми июли соли 2025, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ 2121 Нива”, Хоҷадавлатов Хурсанд Олимшоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Роштқалъа ҳангоми ҳаракат дар дар роҳи марказии ноҳияи Роштқалъа аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба дарё сарозер шуда, ҳамроҳ бо мусофирони дохили автомашинаи мазкур: Давлатназаров Наврас Тоштемурович, соли таваллудаш 1991, Додихудоев Тирандоз Гургалиевич, соли таваллудаш 1984 ва Акрамбекова Мадина Хайрилобековна, соли таваллудаш 1999, сокинони ҳамин ноҳия ғарқ шудаанд. 
Ҳамон рӯз соати 10:40-дақиқа, поёнтар аз деҳаи Анҷини ноҳияи мазкур ҷасади Додихудоев Т.Г. дарёфт карда шуда, барои дарёфт намудани ҷасади дигарон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

09.07.2025 8:11
53