Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Фархор муроҷиат намудааст, ки 5-уми июли соли 2025, тахминан соати 15:00, дар кӯчаи Соҳилии пойтахт шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи фурӯши оби ҷави “Сим-Сим” даромада, аз онҷо 10 ҳазор сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми ноябри соли 2024, тахминан соати 15:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Тайота Прадо”, ки дар кӯчаи Н.Муҳаммадӣ беназорат меистод, 16 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 39-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

09.07.2025 8:08
24