Дастаи "Динамо" соҳиби ҷойи аввал гардид
Аз 21-уми март то 3-юми июли соли 2025 бахшида ба "Рӯзи Ваҳдати миллӣ" мусобиқаи варзишӣ оид ба "Футболи хурд" байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар толори Академияи "Ювентус"-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 50 даста иштирок намуда,
шумораи иштирокчиён 550 варзишгарро ташкил медод.
Дар анҷоми мусобиқа
ҷойи якум насиби дастаи Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ҷойи дуюм насиби дастаи Бонки миллии Тоҷикистон ва
ҷойи сеюм насиби дастаи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.



















