Чаппа шудани автомашина ба дарёи Фон
7-уми июли соли 2025, тахминан соати 05:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Портер», Ҳасанов Мубинҷон Қурбонбоевич, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар 96+400 километри шоҳроҳи «Душанбе-Хучанд» дар ҳудуди деҳаи Такфони ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии тахминан 20 метр сарозер гардида, ба дохили дарёи Фон чаппа шудаст.
Дар натиҷа, ронанда Ҳасанов М.Қ. ва мусофири автомашинаи мазкур Ҳасанов Шодмонҷон Қурбонбоевич, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Истаравшан дар об ғарқ шуда ба ҳалокат расидаанд.
Барои дарёфт намудани ҷасади онҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия давом дорад.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















