Бо роҳи фиреб гирифтани се адад автомашина
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд моҳҳои апрел ва июни соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ 3-адад автомашинаи тамғаҳои «Мерседес Бенс 202-С арзишаш 95 ҳазор сомонӣ, "Мерседес Бенс Е-213" арзишаш 190 ҳазор сомонӣ ва "Мерседес Бенс Е-211" арзишаш 115 ҳазор сомониро гирифта, аз ин маблағ 80 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 320 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















