Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
4-уми июли соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Худойбердиев Рустам Расулович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳристон ба самти шаҳри Истаравшан дар километри 206-уми шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти рости канори роҳ баромада, чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи мазкур Худойбердиев Р.Р. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофирони дохили автомашина, Ҷуманазаров Некрӯз Хоҷаевич, соли таваллудаш 2005, Қароев Зоирҷон Зокирович, соли таваллудаш 2005 ва Воидов Фаррух Шуҳратович, соли таваллудаш 2003, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
4-уми июли соли 2025, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Атеко», Ашуров Кенҷа Ҷумаевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд, дар километри 205+500-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи самти муқобили роҳ ҳаракат кардаистодаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Турдибоев Ҷавлон Ҷамшедович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Турдибоев Ҷ.Ҷ. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Турдибоев Ҷовид Ҷамшедович, соли таваллудаш 2000, Турдибоев Ҷавоҳир Ҷамшедович, соли таваллудаш 2006 ва Турдибоева Дилором Усмоновна, соли таваллудаш 1975, сокинони шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
5-уми июли соли 2025, тахминан соати 07:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Комбо”, Алиев Гулмурод Аҳлиддинович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат намудан ба қафо дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Менглиева Марҳабо Шукруллоевна, соли таваллудаш 2023, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст, ки дар натиҷа хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми июли соли 2025, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс-13-28”, бо ядакаш Азизов Зиёдулло Ибрагимович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти П.Сангини шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, таҳти идораи Кенҷаев Назаралӣ Сафаралиевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Ҳисор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-1328”, Назарқулов Умаралӣ Алижонуғлӣ, соли таваллудаш 1997 ва Эшонов Алишер Мелибоевич, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
5-уми июли соли 2025, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Авалон”, Уроқов Шавкатxон Зафарович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, ҳангоми расидан дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Анораи Фозил, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Анораи Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















