Дастгир гардидани зани 31-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷуӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи майи соли 2024 бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур муносибати ошиқона пайдо карда, аз ӯ фарзандор гашта, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷабрдида то ба имрӯз 5 ҳазору 400 сомонӣ талаб карда гирифта, баъдан бо роҳи таҳдид, барои харидорӣ кардани хонаи истиқоматӣ то моҳи августи соли 2025, 1 миллион рубли русӣ талаб кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















