Бо роҳи қаллобӣ гирифтани маблағ ва автомашина
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2024, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 282 ҳазор сомонӣ ва як адад автомашинаи тамғаи “Лексус LX-570”, ки арзишаш 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ба ӯ ваъда додааст, ки дар муддати 2 моҳ маблағҳои гирифтаашро бармегардонад.
Аммо гумонбаршаванда автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















