Дастгир гардидани якчанд ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза зани 29-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юми июли соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 10 ҳазор сомонӣ, як адад калонка, 1-адад планшет, як адад телефони мобилӣ ва як адад соати дастиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 27 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 6 писарбачаи ноболиғи аз 12 то 14-солаи сокинони шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.