Дастгир гардидани ду ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ аризаи марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми июни соли 2025, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 10 ҳазор сомонӣ ва 200 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 30-юми июни соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи иҷоравиаш, воқеъ дар шаҳри Бохтар 30-адад куртаҳои занона, 7-адад шими занона ва 5-адад пояфзоли занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 830 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро духтарбачаи ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Истаравшан содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.