Таҳдиди куштан намудани ҳамсар дар ҳолати мастӣ
Дар натиҷаи баргузор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 47-солаи сокини шаҳри Исфара, 2-юми июни соли 2025, тахминан соати 19:00, дар хонаи истиқоматиаш дар холати мастӣ қарор дошта, бо ҳамсараш зани 45-сола ҷангу ҷанҷол намуда, аз гарданаш бӯғӣ карда, бо корди хоҷагӣ ӯро таҳдиди куштан намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.