Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди 40-сола бо гумони авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов 23-юми октябри соли 2024, тахминан соати 21:00, дар ҳолати мастӣ дар назди хонаи истиқоматиаш бинобар пайдо шудани муносибатҳои  оштинопазирӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, нисбаташ дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба зери манаҳ, як маротиба ба кафи даст ва як маротибаи дигар дар банди дасти рости ҷабрдида зарба задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.07.2025 8:36
16