Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқа оид ба Таэквондо ВТ байни наврасони соли таваллуди 2014-2017 бахшида ба ҷашни “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”

29-уми июни соли 2025 дар маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии “Динамои”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Таэквондо ВТ-и шаҳри Душанбе, мусобиқа оид ба Таэквондо ВТ байни наврасони хурд, бахшида ба ”Рӯзи Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид, ки зиёда аз 80 варзишгарони хурдсол ва шумораи зиёди тамошобинонро ҷамъ овард. 
Барномаи мусобиқа як риштаро дар бар мегирифт, ки ин “керуги”, муҳорибаҳои инфиродӣ буд. Медалҳои мусобиқа, дар 18 категорияҳои вазнҳо бозӣ шуданд. Дар давоми як рӯз зиёда аз 80 варзишгари хурдсол, ки соли таваллудашон 2014-2017 аз шаҳри Душанбе буданд, ба ”татами” гилеми варзишӣ баромада, бо системаи электронӣ рақобат намуда, аз нуқтаи назари омодагӣ, санҷиши қувва, техника, маҳорату малакаи худро нишон доданд, ин рақобатҳо  бештар хусусияти дӯстона доштанд. 
Варзишгарони хурдсол, маҳорат, қувват, суръат, зиракӣ ва малакаву маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. 
Бачаҳо чизи асосиро фаҳмиданд, ки барои ба даст овардани ғалаба танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавӣ будан кам аст, бояд онҳо иродаи қавӣ, мақсаднок, муташаккил, ҷамъоваришуда, бодиққат, ҳушёр ва бомаҳорат бошанд.
Мояи ифтихор аст, ки 11 нафар динамочиёни наврас соҳиби ҷойҳои аввал, 7 нафар соҳиби ҷойҳои дуюм ва 8 нафар мақоми сеюмро соҳиб гаштанд. Ҳамаи иштирокчиёни ин мусобиқа аз натиҷаҳои худ қаноатманд шуданд. Мухлисон ва тамошобинон ҷараёни муҳорибаҳоро пайгирӣ мекарданд ва  ба онҳо бисёр эҳсосот ва таассуроти мусбат гузошт, иштирокчиён ва мухлисон аз ин мусобиқа хеле хурсанд шуда, таассуроти зиёд ба даст оварданд ва худро як оилаи бузурги варзиши ҳис карданд. 
Ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи  Шурои ҷумҳуриявии “Динамои”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Таэквондо ВТ-и шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд. 
Мусобиқаи мазкур ба ҷашни воқеии варзиш ва саломатӣ табдил ёфт. Мақсад ва вазифаи асосии мусобиқаи мазкур ин фаъол ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кӯдакон, баланд бардоштани руҳияи рақобат ва рушди малакаву маҳорати варзишгарони хурдсоли шаҳри Душанбе, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни кудакон, ки ба ҳаёти ояндаи онҳо таъсири мусбат мерасонад, пешбинӣ шуда буд. 
Ин мусобиқа бачаҳоро ба ҳам овард, касеро бетараф нагузошт ва нишон дод, ки таэквондо на танҳо варзиш, балки интизом, эҳтиром ва хоҳиши комилият аст. Ин мусобиқа ҷашни воқеии варзиш ва кӯдакӣ гардид, ки варзишгарон, мураббиён ва тамошобинонро муттаҳид кард.

02.07.2025 15:46
3