Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар ноҳияи Фархор  

Рӯзи 26-уми июни соли 2025 дар толори варзишии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо ибтикори Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқоту тарғиботи ҳаёти солим» баргузор гардид. 
Дар он муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД полковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ, намояндаи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Маҳмадиев Ҳайдар, муовини Раиси ноҳияи Фархор Дилбар Раҳматуллозода, сардори бахши хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Фархор подполковники милитсия Сафарализода Аслам ва равоншиноси беморхонаи ҳамин ноҳия Ҳабибуллоев Абдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД полковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ вобаста ба таълиму тарбия, арҷ гузоштани ба муқаддасоти миллӣ, эҳтироми падару модар ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ баромад намуда, зикр кард, ки расидан ба қадри падару модар яке аз хислатхои неки инсонӣ ба шумор меравад. Зеро ҳангоми амал кардан ба гуфтаи неки волидайн инсон ба тамоми муваффақиятҳо ноил мегардад. Ҳамзамон номбурда вобаста ба пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби ба ҷомеа хавфнок ибрози андеша намуда, ҷавононро барои ба корҳои нек даст задан ва дурӣ ҷустан аз нафароне, ки ба шаъну шарафи онҳо ва волидайнашон иснод меоранд, талқин намуд. Инчунин аз онҳо талаб кард, ки дар вақтҳои холӣ ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул шуда, ба обу тоби бадан аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. 
Дар семинари омӯзишӣ муовини Раиси нохияи Фархор Дилбар Раҳматуллозода оид ба баланд бардоштани ҳисси  ватандӯстӣ ва худшиносӣ сухан кард. Сардори бахши хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Фархор подполковники милитсия Сафарализода Аслам оид ба пешгирии оворагардӣ ва равоншинос Ҳабибуллоев Абдулло оид ба наъшамандӣ суханронӣ намуданд. 
Лозим ва ёдоварист, ки дар ин рӯз миёни ҷавонони ҷумҳурӣ мусобиқаи Кикбоксинг гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур  зиёда аз 120 варзишгар иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз намуди даставӣ ҷойи сеюмро дастаи шаҳри Норак, ҷойи дуюмро дастаи шаҳри Душанбе ва ҷойи аввалро дастаи ноҳияи Фархор соҳиб шуданд.
Аз тарафи Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон ва САҲА ба ғолибон Ҷом, медал, диплом, Сипоснома, Ифтихорнома ва туфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

01.07.2025 15:38
9