Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани азонихудкунии маблағ дар Маркази саломатӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз 21-уми январи соли 2022 то 1-уми майи соли 2023, ҳамчун директори Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабӣ ва бо маслиҳати пешакӣ бо табиби тиббӣ-оилавии марказ зани 58-солаи сокини шаҳри мазкур дар рӯзҳое, ки ба кор намеомадааст, ғайриқонунӣ табелҳои баҳисобгирии рӯзи кории кормандони маркази саломатӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ соати корӣ гузошта, ғайриқонунӣ 30 ҳазору 497 сомонӣ маблағи пулиро ҳамчун музди маош гирифтааст.
Инчунин дар рафти санҷиши парвандаи ҷиноятӣ муайян шуд, ки собиқ директори Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд марди 38-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров аз 26-уми октябри соли 2020 то 13-уми январи соли 2022, дар ин вазифа фаъолият намуда, бо маслиҳати пешакӣ ба духтури маркази номбурда зани 58-сола, ки то инҷониб фаъолият дорад, бо роҳи сохтакории хизматӣ соати корӣ гузоштааст, ки охирон 10 ҳазору 201 сомонӣ музди маоши барзиёд гирифтааст.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 245 ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

01.07.2025 8:36
32