Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуда, ки ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Спитамен 26-уми апрели соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, бо мақсади дуздӣ ба воситаи болои бом, ба хонаи истиқоматии ҳамсояашон марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 12 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми дастгир кардан 1 ҳазору 200 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

01.07.2025 8:31
24