Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат ва ризоияти миллӣ

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ба сохтори сиёсиву иқтисодии нав ворид гардид. Набудани таҷриба, бархӯрди гурӯҳҳои манфиатдор, фишорҳои беруна ва ихтилофҳои дохилӣ ва ҳамчунин бетарафиро ишғол кардани сохторҳои қудратӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардид. 
Дар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Дар он иҷлосия, ки баъдҳо ҳамчун «Иҷлосияи наҷоти миллат» маъруф гашт, роҳи нави рушди Тоҷикистон муайян гардида, бо матонату иродаи қавӣ, хештанфидоӣ ва муҳаббати бузург ба Ватан рисолати таърихии муттаҳидсозии миллатро ба уҳда гирифтанд. Аз ибтидои роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми ҳастии худро барои барқарор кардани сулҳ, ваҳдат ва оромии мардум сафарбар менамоям». 
Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон хело назаррас аст. Пас аз истиқрори сулҳ ваҳдати миллӣ ҳамчун платформаи рушди ҳамаҷониба хизмат  намуд.
Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон раванди музокироти сулҳ бо мухолифин оғоз ёфт. Пас аз музокироти пайвастаи 4-сола ва миёнравии СММ, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва  Созишномаи умумии  истиқрори  сулҳ  ва  ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома на танҳо санади асосиро дар бар гирифта буд, балки барои баргардонидани гурезагон, муттаҳидсозии неруҳо ва эъмори давлат шароити  мусоид  фароҳам овард. Хушбахтии халқи  тоҷик дар ин аст, ки роҳбари ҷавони тозаинтихоби халқ, шахси рӯзгордидаи таҷрибадори мардумӣ буд. Ин таҷрибаҳои роҳбари ҷавон  сараввал барои аз байн бурдани оташи ҷонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагон, бунёди роҳу пулҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва сиёсати иқтисодии  пешгирифтаи Президенти кишвар буда, ба: 
-бунёди НБО «Роғун»;
-рушди саноату энергетика;
-ҷалби сармоягузории хориҷӣ;
-рушди маорифу тандурустӣ ва ғ. мусоидат намуд. 
Пешвои муаззам дар он вақт таъқид карда буданд: «Бунёди сулҳ оғози бунёди як Тоҷикистони нав буд, мо таҳкурсии давлатеро гузоштаем, ки фарзандонамон бо ифтихор ба он назар хоҳанд кард». Ҳамзамон бо барқарорсозии суботи сиёсӣ Пешвои миллат барои эҳёи  арзишҳои миллӣ, забон, таърих ва фарҳанги тоҷикон иқдоми  муҳимеро анҷом додаанд;
-Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2009);
-эҳёи таърихи миллат;
-ташкили рӯзҳои фарҳанг ва илм;
Баъд аз истиқрори сулҳ Эмомалӣ Раҳмон стратегияи барқарорсозии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаро роҳандозӣ карданд:
-бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ:
-қабули Конститутсияи нав (с.1994);
-Барномаи  давлатии  таҳкими ваҳдати  миллӣ.
«Ваҳдат неъматест, ки бе он на озодӣ пойдор мемонад, на истиқлол кафолат мегирад…»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ тавонистаанд, на танҳо сулҳро пойдор кунанд, балки худшиносии миллиро низ эҳё намояд. Бунёди Осорхонаи Ваҳдат, Маҷмааи «Истиқлол», эълони Рӯзи  Ваҳдати миллӣ ва таълифи китобҳои таърихӣ, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих» намунаҳои равшани он аст. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун модели нодири сулҳи шаҳрвандӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Президенти кишвар борҳо дар минбарҳои СММ, САҲА, СААД ва дигар созмонҳо аз зарурати муколама ва хирадгароӣ ҳангоми ҳалли низоъҳо таъкид кардаанд.
«Мо ба ҷаҳониён нишон додем, ки метавон бо гуфтушунид, на бо силоҳ, миллатро  наҷот  дод». 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҳкими бинои Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти арзишҳои маънавии он хизматҳои арзандаеро анҷом  додаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сарвари сиёсӣ, балки раҳнамои маънавии  миллат ва меъмори ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон мебошанд, тавонистанд дар шароити пурташаннуҷи дохилӣ  ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ роҳи сулҳу ягонагиро пеш гиранд ва онро ба як дастоварди пойдор табдил дода, миллати  парешонро гирди як мақсади олӣ - сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди давлати миллӣ муттаҳид намоянд. 
Суханҳои шодравон қаҳрамони миллии давлати Афғонистон Аҳмадшоҳи Маъсуд дар бораи Пешвои  муаззами миллати тоҷик: «Мардуми Тоҷикистони азиз бояд ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами тоҷикон расанд, ки дар ҳақиқат миллати тоҷик, миллати Худодод ҳаст, ки чунин Роҳбар дорад, ки натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари миллати тоҷик буда, таҷрибаи сулҳофариашон ҳамчун таҷрибаи пешқадам дар ҷаҳон омӯхта шуда истодааст».  
Дар ҷаҳон бисёре аз миллатҳо орзу доранд, ба монанди мо «Падари ғамхори миллат ва Роҳбари давлат» дошта бошанд, ки миллаташонро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳанд, чунончи Аҳмадшоҳи Масъуд бо як самимияти хосса андешаи худро дар бораи Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ намуда буданд: «Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз 30 сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур  кунед, шумо чӣ  гуна Пешвое доред. Ингуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ дорад, ки дар он ҳама меғунҷанд. Ӯ охирин тоҷикро ба Ватан баргардонид. Магар ин тавоноиву қудратмандӣ нест?
Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо шумо, балки тоҷикони ҷаҳон дӯст медоранд. Худо шоҳид аст, ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро тасхир мегардонад!».
Имрӯз Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи гузаштаи шариф, балки шарти ҳаётии рушди минбаъдаи кишвар мансуб меёбад. Ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки ба хизматҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар таҳрезӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ арҷгузор бошем.   
Ғайратзода Ф.Ҳ., сардори Сикли фанҳои касбии Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники  милитсия.

26.06.2025 17:59
93