Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худро бо корд захмӣ кардани зани 35-сола   

25-уми июни соли 2025, тахминан соатҳои 12:00, зани 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми дар манзили истиқоматии хушдоманаш, воқеъ дар деҳаи Файзобаи ҳамин ноҳия қарор доштанаш бо шавҳараш марди 36-сола ҷангу ҷанҷол намуда, шавҳараш ду маротиба ӯро зери лату кӯб қарор дода, шаъну эътибори ӯро паст задааст.
Сипас ҷабрдида аз ин кирдори ӯ хаста шуда, бо корд ду маротиба ба шиками худ зарба задааст, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

26.06.2025 8:08
49