Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми дуздии телефон
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 37-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ворид гардидааст, ки 13-уми июни соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг С-22 ултра”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















