Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ - арзиши волои инсоният» бахшида ба 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ
25-уми июни соли 2025 бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ - арзиши волои инсоният» бахшида ба 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Албатта, доир гардидани чунин ҷамъомадҳои илмӣ, конфронсу семинарҳо ва мизҳои гирд, пеш аз ҳама ба хотири арзиши бунёдӣ доштани Ваҳдати миллӣ буда, ҳамзамон аз нигоҳи илмиву таҳлилӣ баррасӣ намудани он паҳлӯи дигари семинари илмиро ташкил медиҳад.
Семинари мазкур бо суханони ифтитоҳии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло кушода шуда, иштирокчиёни семинари илмӣ-назариявӣ, устодону омӯзгорон, меҳмонону шогирдон ва ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон Ваҳдати миллиро шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо барору комёбӣ ва рӯзгори орому осуда, таманно намуданд. Бояд зикр намуд, ки маҳз имзои ин Санади тақдирсоз, ки бо ҷонисориҳои фарзанди сарсупурда ва ҷонфидои миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, Тоҷикистони азизи мо аз вартаи ҳалокат ва нобудии сиёсӣ раҳо ёфта, айни замон як кишвари дорои амнияту суботи комил ба ҷаҳониён беҳтарин намунаи ваҳдатофарӣ, яъне мадели хоси сулҳро пешниҳод намуда, дар раванди ҳалли мушкилоти сайёраи инсонӣ ҳиссагузор мебошад.
Дар кори семинари илмӣ-назариявӣ ичунин устодону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимони шинохтаи кишвар иштирок ва баромад намуданд: Шарипов Амриддин Нуриддинович - мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ н.и.т., дотсент, маърӯза дар мавзуи «Аҳаммияти ваҳдати миллӣ дар ташаккули имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Шарипов Шомамад Шарипович - дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ н.и.т., дотсент, маърӯза дар мавзуи «Фарҳанги сулҳ ва эътибори ҷаҳонии Пешвои миллат»; Комилов Далер Рустамович - мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода н.и.ф., дотсент, маърӯза дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ пояи рушди давлатдорӣ»; Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, Аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Нақши Шамсулло Саймуддинович дар таҳкиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон»; Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Ваҳдат рамзи рушди давлатдории миллӣ»; Бойзода Ҷамшед Ҷумабой - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Аз таърихи ваҳдати тоҷикон»; Самиъзода Бахтиёр Салим.- дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Таҳкими Вахдати миллӣ дар шароити муосир ва зарурати ҳифзи он»; Ҳалимзода Далер Обид - раиси шурои ҷавонони Академияи ВКД, капитани милитсия, маърӯза дар мавзуи «Саҳми ҷавонони Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ»; Султонзода Вамариҷ Ииброҳим - муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия, маърӯза дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст»; Одиназода Самеъҷон Раҳматуло - муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия маърӯза дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ- омили ваҳдатсоз»; Ниёззода Беҳруз Зафар - муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, маърӯза дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» маърузаҳо қироат намуданд.
Паҳлӯи муҳимтарини семинари илмиро масъалаи ҷойгоҳ ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистон ташкил медод, ки дар ин бахш кору пайкори созандаи ин абармарди дунёи сиёсат мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷоми семинари илмӣ-назариявӣ сардори Академия н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳамаи иштирокчиён ва меҳмононро ба ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуда, иштирокчиёни семинари илмӣ-назариявро бо туҳфаҳои рамзии Академияи ВКД ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ намуданд.
Муҳаммад С.А., Султонзода В.И.