Ошкор шудани ҳолатҳои мардумфиребӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи рушд додани фаъолияти соҳибкориаш, моҳи августи соли 2023 дар ҳудуди маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсӣ аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Прадо”-ро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар мӯҳлати се моҳ бар ивази маблағ хишти пухта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан аз давраи моҳи ноябри соли 2023 то моҳи ноябри соли 2024, марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар якчанд марҳила аз ӯ 186 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази ин маблағ маҳсулоти кунҷора ва равғани пахта гирифта медиҳад, аммо аз ин маблағ 20 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 166 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














