Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми июни соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ҳангоми дар хиёбони И.Сомонӣ, дар дохили боғи «Кӯли Ҷавонон» қарор доштанаш, шахсони ношинос бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 14-Про макс», ки арзишаш 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳрҳои Ҳисору Душанбе  содир намудаанд.
Барои муайян ва дастгир кардани ҳаммаслаки онҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад. 
Инчунин гумонбаршавандагон 17-уми июни соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Авестои пойтахт қарор доштани марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 12-Про макс», ки арзишаш 1 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад

25.06.2025 8:10
29