Ҳалокати дучархарон ва мусофир дар садамаҳои нақлиётӣ
23-юми июни соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Маҳмадов Саидо Рамазонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакӣ, аз самти хиёбони И.Сомонӣ ба самти кӯчаи С.Шерозӣ дар рӯ ба рӯи бинои ҶСП “Оби Зулол” аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Боев Собир Абдуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарон Боев С.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
23-юми июни соли 2025, тахминан соати 01:45-дақиқа, ронанадаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, Қурбонов Умед Худойдодович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ ба девори сангин бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Шокиров Алиҷон Қарахонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигар Якубов Шаҳром, соли таваллудаш 2004 ва Давлатов Муҳаммад, соли таваллудаш 2005, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.