Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии маблағ ва ду сар асп

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки шаби 27-уми апрели соли 2025, тахминан соати 04:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай Соната”, ки дар кӯчаи А.Ҷомӣ беназорат меистод, 20 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки  ҷинояти мазкурро марди 36-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Муъминобод аризаи марди 62-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 22-юми майи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонааш 2 сар аспашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 24 ва марди 37-солаи сокинони ноҳияи Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

24.06.2025 8:13
16