Ҳалокати якчанд нафар бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ
21-уми июни соли 2025, тахминан соати 03:00, ронандаи мототсикли тамғаи “Муравей”, Амонов Рузимурод Эшназарович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Қубодиён, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба ҷуйбори обгузар чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Амонов Р.Э. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
21-уми июни соли 2025, тахминан соати 05:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-Ф-30”, Баҳодуров Комрон Қувваталиевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “ДАФ”, таҳти идораи Одинаев Назаралӣ Ҳикматович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “БМВ-Ф-30” Зарипов Давлаталӣ Тоҷиддинович, соли таваллудаш 2002, Одинаев Азизмаҳмад Сафарович, соли таваллудаш 2002 ва Одинаев Мамаҷон Дадаҷонович, соли таваллудаш 1967, сокинони ноҳияҳои Панҷу Спитамен, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда, Баҳодуров К.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
21-уми июни соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Саломатов Файзалӣ Шералиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Сатторов Беҳруз Ҷамшедович, соли таваллудаш 2009, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Сатторов Б.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
22-юми июни соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Вализода Аброр Тоҷиддин, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ дар худуди роҳи мошингарди деҳаи Анористони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-астра”, Ашуров Далерҷон Шомуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ашуров Д.Ш. ва мусофири дар дохили он қарор дошта Ашурова Мусалама Шомуродовна, соли таваллудаш 1988, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидаанд ва мусофирон Вализода Малоҳат, соли таваллудаш 2008, Валиева Паричеҳра, соли таваллудаш 2001, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
22-юми июни соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷураев Манучеҳр Атаназарович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Сафед Санги ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи Абдуғафори Бегиҷон, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Кӯшониён бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷураев М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мусофири дохили автомашинааш Бегмуродов Хуршед Равшанович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Вахш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
22-юми июни соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Сузуки SWIFT”, Давлатов Шаҳбоз Нодирхонович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Леваканд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Сафед Санги ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаашро аз роҳи асосӣ ба қисмати канори тарафи чапи роҳ бароварда, чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Давлатов Ш. ва мусофири дохили автомашина Қурбонова Шарифамоҳ Талбаковна, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.