Дастгир гардидани марди 41-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 13-уми июни соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 5 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “в” қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.