Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагарди хурдсол ва дучархарон дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

19-уми июни соли 2025, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Махсумов Ҷумҳурҷон Шавкатҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Соҳили Сири ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Абдураҳмонова Хиромон Илҳомҷоновна, соли таваллудаш 2022, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Абдураҳмонова Х.И. ҷароҳатҳои вазнини  ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
20-уми июни соли 2025, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи ширкати “Олуча Авто”, автомашинаи тамғаи “ВYD E2”, Сафаров Сомонӣ Сафарович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи C.Айнӣ ба самти кӯчаи А.Дониш, дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, ба дучархарон Разоқов Ҳайдар Холиқович, соли таваллудаш 1954, сокини пойтахт, ки аз самти кӯчаи К.Хуҷандӣ ба самти кӯчаи А.Дониш гардиш менамуд, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, дучархарон Разоқов Ҳ.Х. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

21.06.2025 8:45
18