Ошкор шудани кирдори қаллобии ҷавони 23-сола
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2024, дар кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ аз назди тарабхонаи “Райҳона” ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай Солярис” арзишаш 80 ҳазор сомонӣ ва 70 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.