Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми дуздӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15-уми июни соли 2025, тахминан соати 10:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҷавонзани 22-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо як миқдор либосҳо ва пойфзолҳои мардона, лавозимоти ороишӣ, 2-адад гардандбанди тиллоӣ, 2-ҷуфт ҳалқаи тиллоӣ, 1-адад ангуштарини нуқрагӣ ва 200-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.