Лату кӯб намудани падари ҳамсар бо чӯбдаст
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 11-уми июни соли 2025, тахминан соати 21:50-дақиқа, дар мавзеи чорроҳаи деҳаи Лолазори ноҳияи мазкур бо падари ҳамсараш марди 50-солаи сокини ҳамин ноҳия бинобар муноқишаҳои оилавӣ, ӯро ҳақорату дашном дода, аз дохили автомашинааш 1-адад чӯбдастро гирифта, ба сару рӯй ва бадани ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.