Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёдоварӣ аз кору пайкори собиқадори милитсия шодравон Мақсудҷон Ҳайдаров

Ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Сугд 100 солагии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ полковники мустаъфии милитсия, корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ шодравон Мақсудҷон Ҳайдаровро дар ҳалқаи шогирдону пайвандон таҷлил намуданд. 
Ҷашнвора дар асоси нақшаи Шӯрои собиқадорони мақоми корҳои дохилӣ бо мақсади тарбияи насли ҷавони милитсия дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба касб дар ҳамоҳангии МИҲД вилояти Суғд ташкил гардид. Иштироки доираи васеъи собиқадорони милистия, роҳбарият ва намояндагони созмони собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, ходимони давлатию сиёсӣ, дӯстону шогирдон ва аъзоёни оила чорабиниро ба маҳфили хотираҳо аз кору пайкори инсоне, ки 32 соли ҳаёташро дар сафи милитсия ба хизмати Ватан бахшидааст, табдил дод.
Чорабиниро муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Асрор Дадоҷонзода оғоз намуда, дар идома намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандон бо ёдоварӣ аз хизматҳои шоиста хотираи Мақсудҷон Ҳайдаровро пос доштанд.
Дар баробари муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Асрор Дадоҷонзода, мудири шуъбаи маъмурӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Темур Туйчизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, раиси Шӯрои созмони собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, муовини раиси шурои мазкур Шавкат Алиев, муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД номзади илмҳои таърих полковники милитсия Азимҷон Юсуфзода ва собиқадори мақомот полковники мустаъфии милитсия Обидҷон Қосимов вобаста ба фаъолияти хизматӣ ва ҳаёти шахсии шодравон Мақсудҷон Ҳайдаров маърӯза карданд. Фидоии касб, корманди ҳаматарафа обутобёфта, инсони комил бо хислатҳои ватандӯстона, роҳнамо ва тарбиятгари насли маҳаллии милитсия, масъулиятшиносу матинирода ва дигар сифатҳоро ба Мақсудҷон Ҳайдаров нисбат дода, маърӯзачиён ӯро ба некӣ ёд карданд. 
Бо ишора ба таҷриба ва фаъолияти бенуқсону намунавии собиқадори милитсия аз кормандони ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки пайрави ҳамингуна инсонҳои кордону соҳибэҳтиром бошанд.
Тавре зикр гардид, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мақсудҷон Ҳайдаров 15 июни соли 1925 дар деҳаи Кӯчкаки ҷамоати деҳоти Р. Ҳамробеви шаҳри Конибодом дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Бо расидан ба синни 18 солагӣ ба ҳимояи Ватан ба ҷабҳаи ҷанг гусел карда шуда, то хотимаёбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафи Артиши Шӯравӣ ба муқобили фашистони истилогар ҷангидааст. Дар ин давра ба сафи партияи коммунистӣ шомил ва баъдан ҳамчун иштирокчии ҶБВ ва коммунисти ҷавон солҳои 1945-1947 дар вазифаҳои котиби ташкилоти ҳизбии колхози ба номи Дмитров ва котиби Шурои зодгоҳаш деҳаи Кӯчкак фаъолият кардааст. Баъдан бо роҳхати ҳизби коммунист аз моҳи майи соли 1949 фаъолияти хизматиаш дар сафи милитсия оғоз меёбад. 
Пайроҳаи тайкардаи Мақсудҷон Ҳайдаров дар сафи мақомоти корхои дохилӣ таърихӣ тулонӣ дорад. Аз соли 1949 то соли 1981 номбурда дар вазифаҳои гуногун аз корманди қаторӣ то ба вазифаҳои баланди роҳбарикунандаи мақомот фаъолият кардааст. Сардори шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Панҷакент солҳои 1956 - 1959, шаҳри Қайроққум (ҳозира шаҳри Гулистон) солҳои 1970-1971, шаҳри Хуҷанд солҳои 1971- 1972, ноҳияи Б.Ғафуров солҳои 1972-1976 ва то баромадан ба нафақа аз соли 1976 то моҳи июни соли 1981 муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунандае буданд, ки Мақсудҷон Ҳайдаров ифои вазифа намудааст.
Баъди баромадан ба нафақа то охири умр 3 октябри соли 1995 роҳбарии Шурои собиқадорони назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт.
Давлати Шӯравӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнатҳои шодравонро бо ордену нишон, ва даҳҳо медалу Ифтихорномаҳо қадр кардаст. Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ аз гунаи қадршиносиҳо мебошад, ки бар ивази меҳнати шабонарӯзӣ ба нафъи давлату миллат Мақсудҷон Ҳайдаров сазовор шудааст. Ҳамзамон баъди марг ҳамчун арзи эҳтиром кӯчае, ки дар он Мақсудҷон Ҳайдаров зиндагӣ мекард дар деҳаи Кӯчкаки ҷамоати деҳои  Р. Ҳамробоеви шаҳри Конибодом ба номи ӯ гузошта шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки се нафар фарзандони Мақсудҷон Ҳайдаров Аскаралӣ, Алиҷон ва Анварҷон бо пайроҳаи падар қадам ниҳода  дар сафи милитсияи тоҷик фаъолияти бенуқсон бурда бо рутбаҳои полковник ва подполковники милитсия ба нафақа баромадаанд. Имрӯзҳо ду набера ва як абераи сулолаи Ҳайдаровҳо идомадиҳандаи ин касби пуршараф мебошанд.
Дар рафти маҳфили ёдбуд гуфта шуд, ки  шахсиятхое чун Мақсудҷон Ҳайдаров бо хизмати намунавӣ натанҳо дар рушди як соҳа саҳм мегузоранд, балки ҳамчун ходими давлатӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ нафърасони халқ мебошанд. Некномиву соҳибэҳтиром гаштани чунин шахсон ин пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва масъулиятшиносии худи онҳост.
Дар хотима фарзанди Мақсудҷон Ҳайдаров полковники мустаъфии милитсия Алиҷон Ҳайдаров барои гиромидошти хотираи падар ва ташкили маҳфили ёдбуд аз номи аҳли оила ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипосмандӣ намуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

21.06.2025 16:30
53