Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созишномаҳо

 Созишномаҳое, ки дар соли 2012 ба имзо расидаанд

1. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкории наздисарҳадӣ, 26 ноябри соли 2012 дар ш.Пекин ба имзо расидааст.

Созишномаҳое, ки дар соли 2014 ба имзо расидаанд

1. Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷанба байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 26 марти соли 2014 дар ш.Кобул ба имзо расидааст;
2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо, 10 июни соли 2014 дар ш. Душанбе ба имзо расидааст;
3. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон 4 сентябри соли 2014 дар ш. Чолпон-Ата ба имзо расидааст.
4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният.
5. Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба истирдод.
6. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм.
7. Аҳднома байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ба ихтиёр додани таҷҳизоти политсия дар доираи расонидани кӯмаки ройгон.
8. Низомнома дар бораи ташкили Маркази муштарак дар бораи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм байни Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оиди ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия.

Созишномаҳо ва дигар санадҳое, ки дар соли 2015 ба имзо расидаанд

1. Ёддошти тафоҳум дар бораи тақвият додани ҳамкорӣ оид ба таъмини амнияти фаромиллии лӯлаҳои нафту газ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой (5 июни соли 2015 дар ш.Душанбе ба имзо расидааст);
2. Фармон «Дар бораи ташкили Коллегияи муштараки ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон (4 июни соли 2015 ш.Душанбе ба имзо расидааст);
3. Аҳднома байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба пешниҳод намудани таҷҳизот барои милитсия дар доираи кӯмаки бебозгашт (5 июни соли 2015 ш.Душанбе ба имзо расидааст);
4. Тафоҳумномаи ҳамкории омӯзишӣ-пажуҳишӣ байни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи улуми интизомии “Амин”-и Нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
5. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Ҳанс Зайдел Ҷумҳурии Федеративии Германия (21 октябри соли 2015 ш.Душанбе ба имзо расидааст).
6. Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод (12 ноябри соли 2015 ш.Исломобод, Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расидааст).
7. Аҳднома байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба пешниҳод намудани таҷҳизот барои милитсия дар доираи кӯмаки бебозгашт (17 декабри соли 2015 ш.Душанбе ба имзо расидааст);

Созишномаҳо ва дигар санадҳое, ки дар соли 2016 ба имзо расидаанд

1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;
2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм;
3. Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод.
4. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус.
5. Протокол оид ба татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази муштараки мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм.
6. Протокол дар бораи доду гирифти Маркази мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон дар доираи иловаи №12 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз 27 январи соли 2003.

Созишномаҳо ва дигар санадҳое, ки дар соли 2017 ба имзо расидаанд

1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амният.
2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шарвандон. Созишномаи мазкур дар Ҷумҳурии Арманистон зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арманистон 15 июни соли 2017 ба имзо расид.

Созишномаҳо ва дигар санадҳое, ки дар соли 2018 ба имзо расидаанд

1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 феврали соли 2018.
2. Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти корҳои дохилии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2018-2019, ки 9-уми марти соли 2018 дар ш.Душанбе ба имзо расидааст.
3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи муҳоҷират, 14 марти соли 2018.
4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия, Протоколи иҷроиши он 14 марти соли 2018.
5. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 марти соли 2018.

28.04.2018 12:11
10